Бар рахти роҳи нигоҳ аз гулистон берун равад

Шона дар зулфи ту аз мӯии миён берун равад

Май рӯй аз боғу гулҳоро парешон ме кунӣ

Чун азизӣ каз миёни дӯстон берун равад

Чун бисӯзам , ҳар нафаси хокистарам аз шавқи гул

Бе насимии ҳамчуи дӯд аз ошён берун равад

Гар гул аз булбул ҳиҷобӣ мекунад бовар макун

Бош чандон каз гулистони боғбон берун равад

На ҳамин танҳо раҳи канъони Зулайхо баста аст

Май баради ғайрат ба ҳар сӯи корвон берун равад

Бас ки дорам ёри даври афтодае дар ҳар диёр

Май рӯм аз худ , ба ҳар сӯи корвон берун равад

Завқи мастии он касе дорад ки чун булбули салим

Дар баҳор ояд ба боғ ва дар хазон берун равад