Сабрам аз дарди ту таклиф мудово ме кунад
Аз сари зулфи ту дилро чун гиреҳ во ме кунад
Ҳамчу Фарҳодӣ нахоҳӣ ёфт эй ширин , вале
Чун туеро ӯ зи санги хора пайдо ме кунад
Ҳар нафас дар суҳбати аҳбоб , ид дигар аст
Мавҷ азон ҳрдми бағалгирӣ ба дарё ме кунад
Зини тарафи аҷзу ниёз ва зон тарафи дашному ноз
Дар миёни мо ва ӯ қосид тамошо мекунад !
Май шуморади доғҳои синаамро осмон
Шишаи соъати ҳисоби рег саҳро ме кунад
Пӯст беш аз хирқа дорад бахя дар андоми ман
Теғи мижгон бо асирони ту ин ҳо ме кунад
Дар самоъ оем зи завқи рақс ӯ ман ҳам салим
Гирдбодӣ то ба саҳрои даст боло ме кунад