зи маргамгар ғубори ғам ки дар дил буд , бархезад

Чу шамъи кушта аз лавҳи мазорам дӯд бархезад

зи шавқ ӯ пас аз мурдан ба хоки ором май гирам

Ки раҳрав чун зи ранҷи раҳ дамӣ осуд , бархезад

Ба гулхан бо ҳамаи девонагӣ , оем ба тамкинӣ

Ки хокистар ба таъзимами зи ҷо чун дӯд бархезад

Расад чун чашми захмӣ аз ҷаҳон , ғамгин набояд шуд

зи афтодан чаҳ ғам ,гар кас тавонад зуд бархезад

Агар аз шуълаи ҷўъши тамоми шаҳри даргирад

зи як хонаи аҷаб каз бими сӯфӣ дӯд бархезад

Салими афтодаи кори ман ба мағрурӣ ки дар маҳфил

зи хоби ноз бо овози чанг ва авд бархезад