Гули зи рухсори ту рангу бӯ ба доман ме кашад
Лола аз шавқи ту ҳамчун шамъ гардан ме кашад
Ҳарчӣ бо дил карда будам , ёфтам аз ишқи ту
Интиқоми сангро оташи з оҳан ме кашад
Дар шикасти хеш бо ин оҷизии дастами қавии сет
Шиша ӣ ман санг аз мушт фалохан ме кашад
Хома ӣ наққошро монад чароғ кулба ам
Каз нишони дӯд бар девор , сӯсан ме кашад
Бо ҳаводиси бас ки одат кардаам дар хона ам
Интизори сайли доими чашм равзан ме кашад
Аҳли ҳикмат , чора ӣ фосид ба аФсд ме кунанд
Аз кафи пои хори беруни нӯк сӯзан ме кашад
Рафтанамро ғайргар монеъ шавад аз меҳр нест
Аз муҳаббат кӣ касеро хор доман ме кашад
Зоҳидиро медиҳад ҷомӣ ки ҳуш аз сари барад
Аз кадуии хушк , пери дайр равған ме кашад
Дар паии озор поконаст аз баси рӯзгор
Ҷавҳарӣ чун риштаи гавҳарро ба сӯзан ме кашад
Ҳарки ҷомӣ хӯрд , ман дорам хуморашро салим
Интиқоми дигаронро чарх аз ман ме кашад