зи болини ҳмншинм ҳар нафас ғамнок бархезад
Нишинад ғунча ва чун гули гиребон чок бархезад
Парешоне ба хоки ҳаркас аз рӯз азал омехт
Ба маҳшари ҳам парешон чун ғубор аз хок бархезад
Ба доғи рашки он афтода , ҳамчун лола май сӯзам
Ки натавонади зи мастӣ дар чаман чун ток бархезад
Май аз олоиш ҳастӣ кашад домони ориф ро
Чу коғаз тар шавад , аз рӯй маъҷун пок бархезад
Фалаки сад давр май бояд ки дар Эрон замин гардад
Ки ҳамчун ман ғубори дайгарӣ зон хок бархезад
Салими айём аз пасту баланд худ наме гардад
Нишастам ман ба хоки роҳ то афлок бархезад