Чаҳ айшҳо ки асирон ба васл соз кунанд

Сиришк агар бигузорад ки чашм боз кунанд

зи покдомании ман ба ишқ май шояд

Ки ҳамчуи субҳ ба домони ман намоз кунанд

Чу дили зи шикваи тиҳии гашт , умр афзоед

Шавад дароз , гиреҳ чун зи ришта боз кунанд

Бараҳнаем , ки нангаст аҳли ҳиммат ро

Ки дасти худ ба сӯии остин дароз кунад

зи иттиҳод , ба маҳшар салим нест аҷаб

Ки хоки пайкари Маҳмӯдро Аёз кунанд