Ҷон фаровонаст агар ҷононае пайдо шавад

Хона бисёраст агар ҳам хонае пайдо шавад

Дар тавофи каъба ва масҷид нашуд пайдо , магар

Онкӣ меҷӯйем дар бтхонаҳ эй пайдо шавад

Ҳаркас аз вайрона ҷӯяд ганҷу аҳли роз ро

Беҳтар аз ганҷаст агар вайронае пайдо шавад

Аз шикофи пардаи фонӯс , шамъи анҷуман

Чашм бар роҳаст то парвонае пайдо шавад

Оқилонро аз ҷунуни ошиқони хезади нишот

Ид Тифлонаст чун девонае пайдо шавад

Навбаҳор омад ки ҳамчун шохи гул бар хирқа ам

Даст бар ҳарҷо наҳй , паймонае пайдо шавад

Рӯзӣ барқаст хирмани хирмани даврони салим

Мӯри хӯн ҳо мехӯрд то донае пайдо шавад