Зини гулистон то қиёмат , ҷӯши булбул кам мабод
Чун паямбари соя ӣ абр аз сари гул кам мабод
Ҳамчуи тӯтии хуррамии парварда ӣ ин гулшан аст
Байза ӣ шабнами зи зери боли булбул кам мабод
Булбулу парвонаро чашм аз фурӯғаш равшан аст
Аз чароғи лола ӣ ӯ , равғани гул кам мабод
Ҳарки хоҳад кам кунад як мӯи зи зулфи сунбулаш
Соя ӣ шамшераш аз сари ҳамчуи кокул кам мабод
То қиёмат май кашони ин гулистонро салим
Гардиши паймона чун даври тасалсул кам мабод