Сиррӣ дорам чу мағзаш дар миёни дард

Вале ҳамчун гиреҳи баста дар он дард

Ҳумо дорад , шунидам , устихони дард

Ман ранҷур ҳам дорам ҳамон дард

Кунам дарюза ӣ дард аз дили хеш

Надорам бар касе дигари гумони дард

Чаро нолад касе кӯ бо табибон

Тавонад гуфт ман дорам фалони дард

Ба бидрдии ту ху кардӣ , вагарна

Фитода аз замин то осмони дард

Агар як уқда аз корами кушояд

Нахоҳад кард дасти осмони дард

Ба ишқ аз баси сар ман хӯрд бар санг

Кунад доим чу пои раҳравони дард

зи таъсири ҳавои нафас , ҳаргиз

Ҳумо фориғ нашуд аз устихони дард

Салим аз Миср , Юсуфи сӯии канъон

Фиристад корвон дар корвони дард