Аз чашми ман хаёли ту берун наме равад
Лайлии зи пеши дида маҷнӯн наме равад
Аз баси дилам ба тири ту улфат гирифта аст
Аз хонаи камони ту берун наме равад
Дар дили ҳазор дарду лаб аз нола баста ем
Аз захми мо чу лолау гул хӯн наме равад
Ҳаркас ки ҷомӣ аз меҳикмат кашида аст
Аз пои хам ба пеш Флотўн наме равад
Хуши ҷилвае ба боғ сухан мекунад салим
Сарви равон чу калаки ту мавзун наме равад