Дилам аз раҳгузари фақр , ҳикоят накунад

Ҳукм шоҳаст ки дарвеш шикоят накунад

Тавбаам Хизри раҳи каъба ӣ мақсӯд нашуд

Оҳ агар пери харобот ҳидоят накунад

эй дил аз шиква ӣ ӯ ин ҳама хомӯшӣ чист

Дигари он лутф ки мекард , ниҳоят накунад

Аз адаби пеши лабати ғунча даҳан накушояд

Писта худ кист ки ин шева риоят накунад

Илтимосӣ ки азу дар дил ман ҳаст ин аст

Ки чу дашном диҳад , ном риоят накунад

Шамъи розии сет ки дар дасти сабо кушта шавад

Беҳтар онаст ки фонӯс ҳимоят накунад

Дил ба як бӯсаи зи лаъли ту тасаллӣ нашавад

Қатра , кори чамани ташна кифоят накунад

Хуштар аз кӯҳ надидам , ба ҷаҳони ғаммозӣ

Ки биҷуз ончӣ шунида сет , ривоят накунад

Гила ӣ дӯст ба душман натавон кард салим

Кас бар шаҳнаи зи фарзанд шикоят накунад