Маъшӯқи мо ба ҷилва чу оҳанг ме кунад
Ҷоро ба гули рухон чу қабо танг ме кунад
Аз рӯй оташини ту табъам шукуфта шуд
Ин шуъла , кори бода гулранг ме кунад
Аз узри ваъда , ҷазбаи шавқам ба ҷон расед
Чун қосидӣ ки ҳамраҳе ланг ме кунад
Таъсир дар куҷо ки надорад мулоимат
Борони нарм , раҳ ба дил санг ме кунад
Рафтанди раҳравон ва ба ангушти пои хеш
Коҳил ба раҳи шумора фарсанг ме кунад
Таъсир , ноларо з хамӯшӣ ба ҳам расед
Ин парда , созро чаҳ хуш оҳанг ме кунад
Озор ҳарки мекашад , аз хеш ме кашад
Девона зон ҳамеша ба худ ҷанг ме кунад
Хоҳад баҳона , шикваи азу сар макун салим
То лаби гушӯдае ба сухан , ҷанг ме кунад