Аз ғами ҳаркасии ин сӯхта тан ме ларзад

Теша бар кӯҳи занӣ , хона ӣ ман ме ларзад

Дилам аз нола ӣ мурғон чаман ме ларзад

Ҳарки фарёд кунад , пайкар ман ме ларзад

Нафаси боди хазон дар ту асар карда магар ?

Сахти овози ту эй мурғ чаман ме ларзад

Ҷавҳари ҷуръат ҳар дили зи забон маълум аст

Далв дар чоҳ чу холии сет , расан ме ларзад

Бас ки расвоӣ ам оварда қиёмат ба сараш

Чун барии номи маро , хок ватан ме ларзад

Ҷунбиши лола ва гул нест зи таъсири сабо

Ки зи рашки рахти аъзоӣ чаман ме ларзад

Ҷома чун ориятаст огаҳи азу бояд буд

Ҷони бечора азон бар сар тан ме ларзад

Пеш ӯ кушта шуданро сабабӣ нест салим

Дил чу симоб азон дар бар ман ме ларзад