Дил дар саводи зулфи ту биҳуш ме шавад

Дар шаби чароғи оина хомӯш ме шавад

Дил бо хаёл ӯ чу ҳам оғӯш ме шавад

Як гул начидааст ки биҳуш ме шавад

Онро ки ҳамчу оина уфтад бирав назар

Ҳаркас ки дидааст , фаромӯш ме шавад

Чун партави ҷамоли ту пинҳон кунад касе ?

Он оташ гуласт ки хас пӯш ме шавад

Дорам ҳазор ҳарф ба он бевафо , вале

Дар вақти арзи ҳол , фаромӯш ме шавад

Аз гуфтугӯии мурғи чамани завқ май барад

Ҳаркас чу шохи гул , ҳамаи тан гӯш ме шавад

Равшандилон ба ҳинд надоранд равнақӣ

Дар шаби чароғи оина хомӯш ме шавад

Кор касе салим ки уфтад ба шоҳидон

Ойӣнаи вори зуд нмдпўш ме шавад