Ба хӯн худ кунам олӯда , эй сабои коғаз
Чу он касе ки кунад ранг бо ҳинои коғаз
Кунад баҳор ба барги шукуфаи ёди туро
Чу ошно ки фиристад ба ошнои коғаз
Гумони барӣ ки зи ҳам рехти дафтари афлок
зи бас ба кӯии ту май резад аз ҳавои коғаз
намерасад ба ту даст аз китоб , доно ро
Диҳад чаҳ пояи баландӣ , ба зери пои коғаз
Аҷаб ки заҳмати чашмӣ дигар тавонад дод
Ба хоки пой ту дода сети тўтёи коғаз
Ба зиндагии паии мирос хорӣам садбор
Гирифт ҳамчуи кабӯтари зи ман ҳумои коғаз
Мабош аз дам оташ фишон ӯ эмин
Ба роҳи ишқ агар бошад аждаҳои коғаз
Ба кӯй ӯ пай расвоӣам салим кунад
Баланд аз бағали қосидони садои коғаз