Ҳамчуи гули парда ӣ дил дар хас ва хошок андоз
Хешро ғунча кун ва дар бағал чок андоз
Бода аз хӯни дили хеши дарин боғ бануш
Чун хазони тафриқа дар силсила ӣ ток андоз
Хотами ҷам ба дар майкада ҷӯяд ҳар кас
Ҳамчуи хуршеди ту ҳам панҷаи дарин хок андоз
Суфиёни чаман аз шавқ ба ваҷд омада анд
Камтар аз абр нае , хирқа бар афлок андоз
эй ғизоли ҳарами осоиш агар май хоҳӣ
Хешро зуд дар он ҳалқа ӣ фитрок андоз
Мастӣ ва манъ накарда сет касе мисатон ро
Даст дар гардани сарви чаман эй ток андоз
Осмон гуфта ба сайёд ки аз бе раҳмӣ
Моҳӣ аз оби буруновар ва бар хок андоз
Дил ба дарё фикан эй хоҷа ва аз бодаи фуруш
Бустони оташ ва дар хона ӣ имсок андоз
Донаи деҳқон чу фишонд ба замин , ме гуяд
Ҳарчӣ аз хок ба дасти омада дар хок андоз
Ба ҳаваси домани худро макун олӯдаи салим
Ҳамчуи ойӣна ба хубон , назар пок андоз