Чун гулам аз ҷома бар тани мондаи домонеу бас
Ҳамчуи тасвирами зи пероҳани гиребонӣу бас
Тӯшае дар роҳи шавқ ӯ маро ҳамроҳ нест
Дар бағал аз доғ дил дорам намакдонӣу бас
Аз сари олами гузаштами ҳамчуи хуршед эй фалак
Чун маи нав аз ту мехоҳам лаби нонеу бас
Мастӣ ам нагузошт то илм дигар ҳосил кунам
Ҳамчуи булбул хондаам дарси гулистонӣу бас
Бас ки аз саргаштагиҳо рафтаам дар худ фурӯ
Монда чун гирдоб аз аъзоем гиребонӣу бас
Аз хаёли рӯзгори рафтаи рӯзу шаби салим
Дар назар дорам ҳамин хоби парешонеу бас