Қадам бурун нагузорам зи остонаи хеш

Чу оинаи ҳамаи умрами чароғи хонаи хеш

Ба кор хеш кунам нола , гӯ касе машну

Камон кашидаам , аммо худами нишонаи хеш

Чу мурғ бош дар ойини офияти талабӣ

Ки вақти шом чу шуд , меравад ба хонаи хеш

Чигуна сар занад аз дил навой озодӣ

Маро ки ҳалқа домаст ошиёнаи хеш

Ба даст хеш кун ислоҳи худ , ки мағрурон

Ба мӯӣ худ нагузоранд ғайри шонаи хеш

Чаҳ фарқ аз ватану ғурбат , ин чунин ки манам

Чу акси оина , доими ғариби хонаи хеш

Ба зери чарх , тараққии салим мумкин нест

Дар Асия натавон сабз кард донаи хеш