Захми дил кам нест , сомон гар набошад гӯ мабош
Ғунча гул ҳаст , пайкон гар набошад гӯ мабош
Киштии мо чашм дорад бар хатар ҳамчун ҳубоб
Чун насимӣ ҳаст , тӯфон гар набошад гӯ мабош
Онкии вақти куштани ман раҳм бар ҳолам накард
Баъди қатлами ҳам пушаймон гар набошад гӯ мабош
Мансаби гулчинӣ боғӣ надорам , дар танам
Ҷомаро чун пӯст , домон гар набошад гӯ мабош
Зинати арбоби маънӣ , ҷавҳари зотӣ бас аст
Лола дар кӯҳи Бадахшон гар набошад гӯ мабош
Ҳркҷо бошад з каф магузор ҷом май салим
Сайр Қазвӣн кун , сафоҳон гар набошад гӯ мабош