эй дили зи гирди кулуфти олам ғамин мабош

Чун осмони вагарна ба рӯй замин мабош

Бигзор ҳарчӣ ҳаст биҷузи соғари шароб

Воқифи з ҷом бош ва чу ҷам аз нигин мабош

Хоҳӣ ки эмин аз баду неки ҷаҳони шӯй

Бенешу нӯш чун магас ангабин мабош

Сардаи сиришк , чанд кашии хорӣ аз ҷаҳон

Чун абри ин қадар намад обчин мабош

Аз ман бигир ибрат , агар аҳли рӯзгор

Сад офарин кунанд , сухан офарин мабош

Расвоӣ олимӣ шудӣ аз ишқи глрхон

Садбор гуфтамат ки салими ин чунин мабош