Ҳарки саргарм кунад шавқи ту чун хуршедаш

Бениёз аз намадаст оина ӣ таҷредаш

Дар вуҷӯдами зи таманнои гулии афтодаи сет

Хорхорӣ ки ба нохун натавон хоридш

Ҳаркиро нест дарин аҳд , гиреҳ бар абрӯ

Май намоянд ба ҳам халқ чу моҳи идаш

Зин ки як ханда надониста дарин гулшан кард

Гӯши гул сурх шуд аз бас ки ҷаҳон молидааш

Ману расвои азин пас , ки ба тани ҷома чу гул

Ончунон пора накардам ки тавон пӯшедаш

Ноқабуласт муъориз , ҳамаи дардам ин аст

эй хуши он гурба ки товус кунад тақлидаш

Парда вақтаст ки аз рӯй сухан бардорем

Мсткӣ нест забон , чанд тавон хойидаш ?

Умр кардем дарин боғ , абаси сарфи салим

Ҳосилӣ ҳеҷ надидем зи сарву бедаш