эй гул рӯй ту баҳори нишот

Қоматати сарви ҷӯйбори нишот

Лаби гул чок шуд зи хамёза

Бе ту дорад зи баси хумори нишот

Рафт фасли хазон ва ме ояд

Мавсими айшу рӯзгори нишот

Булбулонро буд шаби наврӯз

Зари гул , моя ӣ қимори нишот

Шуд баҳор ва чу ғунчаи мурғи чаман

Масти хуфтаи сет дар канори нишот

Гули шкФту шароб ноб расед

Шуд муҳайёи тамоми кори нишот

Пок созад насими ишқ , салим

Заъфаронро зи дили ғубори нишот