Зада гули даст бар домони ҳофиз
Хӯрд булбули қисм бар ҷони ҳофиз
Кунад аз шуълаи овози худ гарм
Дафи хуршедро дастони ҳофиз
зи мастӣ чун кашад гулбонг дар боғ
Шавад мурғи чамани қурбони ҳофиз
Зираро ҳалқа даф кард Довӯд
Чу баргардед аз майдони ҳофиз
зи шӯрангезии рангини ғазал ҳо
Лаби ҳофиз буд девони ҳофиз
Чу гул дар даф ҷлоҷл гашта хомӯш
Салим аз ҳайрати алҳони ҳофиз