Чун кунад дар анҷумани тоби Рахши равшани чароғ

Партави худро ба давр андозад аз равзани чароғ

Бас ки баъд аз сӯхтан ҳам гарм дорад таби маро

намекунад ойӣна аз хокистарами равшани чароғ

Гар гиребонро кушояд бар насим , аз ақл нест

Онкӣ чун фонӯс дорад дар таҳи домани чароғ

Барнаёмад комам аз ақлу ҷунун дар ошиқӣ

На зи гулшани гул ба каф дорад , на аз гулхани чароғ

Бе май ноб аз димоғами дӯд май хезади салим

Ин чунин бошад чу холӣ гардад аз равғани чароғ