Оташ ба боғ зад зи хазони рӯзгори ҳайф

Доғи чаман наем , зи булбули ҳазор ҳайф

Таъсир нест дар дили мо файзи ишқ ро

Бар гулханаст соя ӣ абри баҳори ҳайф

Аз вартае ки мақсади мо ҷуз хатар набӯд

Нашикаста рафт киштии мо барканори ҳайф

Аз хори по чу шуъла ба рақсанд раҳравон

Дар роҳ ӯ пиёда хӯрд бар савори ҳайф

Аз мавҷи изтироб дилам орамида нест

Ойӣнаам чу об надорад қарори ҳайф

Оқил ба мотам аст равад ҳаркас аз ҷаҳон

Маҷнӯни ин хароба хӯрд бар ғубори ҳайф

Бекор нестем , вале дар ҷаҳони салим

Корӣ намекунем ки ояд ба кори ҳайф