Шаб чу васф Рахш кунам ба рафиқ
Субҳ аз меҳр мекунад тасдиқ
Ҳамаи шаб то ба субҳ , эй зоҳид
Май кашии ҷом май , зиҳии тавфиқ
Об лаъласту оташи ёқӯт
Ҷавҳари ақлро меӣ чу ақиқ
Бас ки гирёни рӯм ба водии шавқ
Манзил аз ман туросту роҳу тариқ
Ишқро шарт нест раъное
Ҳамчуи мусҳаф ба хати настаълиқ
Бе пиёлаи Марви салим ба боғ
Гуфтаанд алрФиқи сами тариқ