Рафт он шамъу з ҳасрат шуд лаби паймонаи хушк

Барг гул шуд дар чаман ҳамчун пари парвонаи хушк

Аз висол ӯ марои обӣ ба рӯй кор буд

Панҷаам безулф ӯ шуд ҳамчуи дасти шонаи хушк

Сад шикоят дар дил , аммо лаб надорад зон хабар

Дар даруни хонаи сайлу остони хонаи хушк

Гиря аз ҷӯшу хурӯш Асия ояд маро

Ҳайратӣ дорам ки чун гардӣда чашми донаи хушк

Аз тағофулҳои абри навбаҳорӣ дар чаман

Ғунча шуд ҳамчун димоғи булбули девонаи хушк

Кӣ тавонам баргирафтан як қадам аз ҷои хеш ?

Чун хам май пой ман гардӣда дар майхонаи хушк

Як дам аз овораге айём нагузорад салим

То чу ойӣна кунам обу арақ дар хонаи хушк