Ҳамчу оташ дорадам айём дар зиндони санг

наме тавон гуфтани зи ҷони сахтии танамро кони санг

Чун лаби ҷӯ сахт гирад кори ҳаркасро ҷаҳон

Аз барои об хӯрдан боядаш дандони санг

Аз насиҳат чанд ислоҳи дил сахташ кунам

Ҳамчуи мавҷ об бошам то ба кӣ савҳони санг

Ёди Қазвӣн дар дилам бигузашт ва аз Ҳиндӯстон

Шишаам майдон кашиду ҷуст то майдони санг

Афканд то бар бисоти шишаи дилҳо салим

Осмон ҳамчун фалохан мешавад қурбони санг