Бар роҳи ваъда , эй гул раъно нишаста ам

Танҳо биёи ту низ ки танҳо нишаста ам

Аз баси зи сабза ӣ чамани озор май кашам

Гӯйӣ ба рӯй реза ӣ мино нишаста ам

Аз мавҷи фитна , гар биншинам ба рӯй санг

Дорам гумони он ки ба дарё нишаста ам

Тир ҳавоӣам ки зи бас бе таъаллуқӣ

Ҳарҷо нишастаам , ба сар по нишаста ам

Аз сари ҳавои гӯша ӣ азлат наме равад

Гӯйӣ ба соя ӣ пар анқо нишаста ам

Чун шиша , рӯй суҳбати аҳбоб бо ман аст

Ҳарҷо ду кас нишаста , ман онҷо нишаста ам

Доим чу офтоби дарин анҷумани зи шарм

Байнам азон ба зер , ки боло нишаста ам

Дармони дарди хеш талаб кун зи ман салим

Имрӯзи ман ба ҷой масеҳо нишаста ам