Биё ки чатри саодати зи барг ток кунем
Чу субҳ , ҷайби фалакро зи ғусса чок кунем
Биор бода ки дар дил агар ғуборӣ ҳаст
Чу обу оина бо рӯзгор пок кунем
Сипеҳрро зи либоси азои буруни орем
Сари бурӣда ӣ хуршедро ба хок кунем
намехӯрем ғами рӯзгор то ме ҳаст
Чаҳ лозимаст ки худро зи ғам ҳалок кунем
Замона мекунад он фитнае ки ме хоҳад
Чаҳ суди азин ки чу гули ҷайби хеш чок кунем
Салим , фурсатӣ аз рӯзгор то дорем
Ҳисоби хеш ба айём ба ки пок кунем