Доғи натавонад гирифтан дар дили мо ҷои захм

Вақт хандидани намак май резад аз лабҳои захм

Ҷои як захм дигар чун гул бар аъзоем намонад

Теғ бигушоед магар дар синаи ман ҷои захм

намебаранд аз икдгри завқи ҷароҳат ҳар нафас

Комронӣ мекунад ҳар захмам аз болои захм

Хӯн агар гиряд касе бар ҳоли зори ман кам аст

Доғ ҳо дорад дилам аз ханда бе ҷои захм

Дарди моро ошноӣ нест бо дармони салим

Аз хиҷолат об шуд марҳами зи истиғнои захм