Сар аз куҷост ки чун лолаи фикр тоҷ кунем

Димоғи кӯ ки ба буии гулаш алоҷ кунем

Ба дафъи саркашии оташ , об май бояд

Куҷост бода ки ислоҳи ин мизоҷ кунем

Каримро назарӣ бо гадоӣ хомӯш аст

Ба пеши дӯст чаҳ изҳор эҳтиёҷ кунем

Наҳем тӯҳмат хандиданаш дарин маҷлис

Фўоқи шиша ӣ майро чунин алоҷ кунем

Салими фикр дигар кун ки шеър беқадар аст

Чаҳ лозимаст ки ин кор беривоҷ кунем ?