Дар қафас аз ҳар насимии айш гулшан ме кунам
Чашми ёқӯбам , чароғ аз бод равшан ме кунам
Танг меояд ба чашми ман фазои рӯзгор
Бар ҷаҳони гӯйии нигоҳ аз чашм сӯзан ме кунам
Рафта аз ошуфтагии фикри либос аз хотирам
Ашк дар чашмам чу ояд , ёд доман ме кунам
Бесутунро баргирафтан он қадарҳо кор нест
Кӯҳкани зини кор агар оҷиз шавад , ман ме кунам
Аз муҳаббат дӯст кардам душмани худро , ки ман
Сангро аз чарби нармии мум равған ме кунам
Гавҳару лаълӣ ки шоҳони зеб афсар карда анд
Гар буд дар дасти ман , санг фалохан ме кунам
Доғи ишқи хўбрўёнм , ҳазар аз ман салим
Май гурезади роҳат аз ҷое ки маскан ме кунам