Мо ҳамчуи гул ба чок гиребон нишаста ем
Чун лола дар либос шаҳидон нишаста ем
Ҳар як ба фикри туррае ошуфта хотирем
Ҷамъем дӯстон ва парешон нишаста ем
Ёрону буии гули ҳама дар сайр гулшананд
Мо ҳамчуи ғунчаи пой ба домон нишаста ем
Ҷузи нони хушк , қисмат мо нест аз ҷаҳон
Гӯйии магар ба суфра деҳқон нишаста ем
Ҷунбиданаст боиси озори мо салим
Гӯйӣ чу тир бар сар пайкон нишаста ем