Хешро аз бас ба теғи мавҷи ин дарё задам

Ҷои нохун бар тан ман нест , бар ҳар ҷо задам

Арса ӣ маъмур бар хайли сиришками танг буд

Ҳамчуи абри навбаҳории хайма бар саҳро задам

Рӯзгор аз аҷз гуфтам меҳрбон гардад , нашуд

Ҳамчуи ҳиммат , даст бар домон истиғно задам

Хотири худро ба дарвешии тасаллии сохтам

Озмудам зарфи худро , санг бар мино задам

Пушт поем аз кафи по беш дорад обила

Бар ҷаҳон дар роҳи ишқ аз бас ки пушт по задам

Қатра ӣ бедаст ва поем ман салим , аммо чу сайл

Корвони мавҷро садбор дар дарё задам