Мо хасу хор аз раҳи хубон ба доман май кашем
Миннати теғи шаҳодатро ба гардан май кашем
Аз туҳидастӣ , чу хоҳад хирқаи мо бахя Эй
Риштаи тасбеҳ чун исо ба сӯзан май кашем
Мӯҳтасибро нест роҳи ҳарф дар бозори мо
Шиша бо сангу тарозуии фалохан май кашем
Мо дар хилват ба рӯй аҳли олам баста ем
Интизори офтоб аз роҳи равзан май кашем
Гӯйро аз чобукӣ хоҳад зи майдони баради хасм
Вақт тангаст ва ҳамин мо танги тавсан май кашем
Аз фалаки рӯзӣ гирифтан он қадарҳо кор нест
Мо чароғ лолаем , аз санги равған май кашем
Гул набошад , мерасад худ буии гули моро салим
Хешро дар сояи девори гулшан май кашем