Мо чашм ба лутфи ҷам ва коўс надорем

Бар домани лаб , гирди замин бӯс надорем

Дар пеш равад рояти мардонагии мо

Чатр аз ақаби хеш чу товус надорем

Расвои олами ҳама аз ишқ кашидем

Бо мо чаҳ тавон кард ки номӯс надорем

Моро ба ҷаҳон нест паноҳии зи ҳаводис

Шамъем ки дар бодия фонӯс надорем

Ором зарураст салим , андакии ором

Афсӯс надорем , сад афсӯс надорем