Диҳад ба зарра чу хуршеди обу тоб , сухан
Мабод он ки касеро кунад хароб , сухан
Тилисми ғам ки шикастӣ ? агар зи ҳалқаи гӯш
намегузошт сари пой дар рикоби сухан
Марои димоғи ҳадиси биҳишт ва дӯзах нест
Гуҳ аз шароб кунам , гоҳе аз кабоби сухан
Сар бурӣда нагӯяд сухан , чаҳ ақласт ин
зи роз чарх мапурсед аз офтоби сухан
Агар забон хамӯшон ин чамани доне
Буд табассум ҳар ғунчаи як китоби сухан
Ҳадиси лаъли ту кӯтаҳ намешавад , чаҳ аҷаб
Агар дароз шавад дар сари шароби сухан
зи васфи он гиреҳи зулф бар забони салим
Чу ҳарфи лоли даройад ба печу тоби сухан