То ба кӣ бар ман шикаст ояд чу мино аз замин

Май гурезам бар фалак ҳамчун масеҳо аз замин

Дорад аз ҷой дигар сарришта дар каф реша ам

Об ва рангам нест чун гулҳои дебо аз замин

Дар гулистонӣ ки чун гули мо дарав парварда ем

Ҳамчу нилӯфар барояд осмонҳо аз замин

Он ки дар қайд худаст аз рози ишқ огоҳ нест

Осмонро мекунад доими тамошо аз замин

Мо ба ин дуни ҳимматӣ чун бо масеҳо дам занем ?

ӯ сухан аз осмон мегуяд ва мо аз замин

Гар надорӣ май , ба гулшани рӯ ки онҷо чун рӯй

Соғар май мешавад чун лолаи пайдо аз замин

Чун нишинам аз паии осӯдагӣ , каз шавқ ӯ

Ҳамчуи афлоками расидаи ҳафт аъзо бар замин

Аз ғубори ғам халосӣ нест ҳарҷо ме рӯем

Гирд бошад бештар дар рӯй дарё аз замин

Гуфтугӯе сар кунем аз олами дигари салим

То ба кӣ гуяд касе аз осмон ё аз замин