Зиҳии ҳадиси ғамат чун май тараби ширин
Забони зи ҳарфи ту дар ком чун рутаби ширин
Марои зи ишқи ту ворастагӣ насиб мабод
Ки нест ҷони ман беморро чу таби ширин
Ҳадиси меҳру вафо зоннигор Лайлӣ вааш
Буд чу форсии мардуми араби ширин
Шароб бо ту чаҳ талхӣ диҳад ки аз лаби ту
Чаҳ ҷои бода , ки гардад пиёлаи лаби ширин
Салими суҳбат парвиз шуд бало , варна
з кӯҳкан нашудӣ даври як ваҷаби ширин