Сафои гулшани Кашмӣрро тамошо кун
Дарин чамани ман дилгирро тамошо кун
зи шавқи гулшани Эрон , ба ҳинд дар қафасам
Иҷозатами даҳу шабгирро тамошо кун
Ба ҷурми як нигаҳ аз оташи фироқами сӯхт
Қисоси ошиқу тақсирро тамошо кун
Фалак чу шуълаи гирифтори дӯди оҳ ман аст
Каманд бингару нахҷӣрро тамошо кун
Қади хамида чаҳ нуқсон ба табъ рост диҳад
Мубин ба сӯии камон , тирро тамошо кун
Чу обу оина дар дайр , содаи лўҳоннд
Бирав ба савмиъа , тазвирро тамошо кун
Ҷунуни ривоҷ дигар ёфт дар замона ӣ мо
Сафои кӯча ӣ занҷирро тамошо кун
Камони абрӯӣ ӯро кашӣдан осон нест
Хаёли хома ӣ тасвирро тамошо кун
Буд далели шаҳодат , хаёли васл батон
Ба хоб бингару таъбирро тамошо кун
Ҷаҳон ба ҷанг фиканда сети тоҷдорон ро
Хурӯси бозии ин перро тамошо кун !
Салими хоҳӣ агар сарнавишти мо доне
Саводи ҷавҳари шамшерро тамошо кун