Баҳор шуд ки равад ҳаркасӣ ба роҳи чаман

Шукуфа рафт зи хилват ба боргоҳи чаман

Баҳор шуд ки зи шухӣ дигар савор шавад

Ба асби чӯб чу атфол , подшоҳи чаман

Баҳор шуд ки зи хилвати суроҳеу мино

Раванд аз паии тоъат ба идгоҳи чаман

Ҳарифи лашкари хўнризи ғам наем , азон

Чу хайл сабза гурезем дар паноҳи чаман

з боғ рафт ва фитод аз қафоӣ ӯ чу қафас

Ҳазор рахна ба девор аз нигоҳи чаман

Ба азми кӯй батон , эҳтиёҷ сомон нест

Шароби тӯша ӣ ин раҳ буд чу роҳи чаман

Салими офати ғамро ба дил алоҷӣ нест

Хазон намегузарад аз сари гуноҳи чаман