Ман рози ҷаҳонам , буд афсона ба аз ман
Маъмурааму гӯша ӣ вайрона ба аз ман
Ҳаргиз натавонам ки сар аз хок барорам
Он мӯри заъифам ки буд дона ба аз ман
Дар хонаи зи асбоби ҷаҳон ҳеҷ надорам
Кас варна надорад чу камон , хона ба аз ман
Дар суҳбати мо ва ту чаҳ гунҷоиши инҳост
На шамъ ба аз туаст , на парвона ба аз ман
Дар замзама ҳар мурғ чаман нест чу булбул
Гуяд ҳамаи каси мисраӣ , аммо на ба аз ман
Воқиф чу салим аз ҳамаи асрори ҷаҳонам
Кас нест хабардори азин хона ба аз ман