Кунам наҳуфтаи барин олами ду ранги нигоҳ

Чу оҳӯе ки кунад ҷониби паланги нигоҳ

Назар ба мости фалакро ки чашм май пӯшад

Кунад чу марди камондор бар хаданги нигоҳ

Шикастаем , вале ҳамчу мавҷ ме ларзад

Ба сӯии киштии мо чун кунад наҳанги нигоҳ

Нигаҳ ба ҳеҷ мусулмон намекунад дигар

Ба тоъатам чу кунад сӯрати фаранги нигоҳ

Саботи сабру шикебам ба ишқ аз оҳ аст

Ки бар илм ҳама доранд рӯзи ҷанги нигоҳ

Тамоми ҳайратам аз узр бевафое ӯ

Чу кӯдакӣ ки кунад дар қафои ланги нигоҳ

Салими маҳв тамошоӣ ӯст бут дар дайр

Назора ӣ рух ӯ мекашад зи санги нигоҳ