эй шуълаи ҳасанатро , ҷонҳо шудаи парвона
Дар ҳалқаи зулфати дил , маҷнӯну сияҳи хона
Шаб то ба саҳар эй шамъ аз шавқи висоли ту
Оғӯши дилам бозаст ҳамчун пари парвона
Ҳаргоҳ ба мо соқӣ аз ғамза ишорат кард
Аз кафи дили пурхӯнро додем чу паймона
Аз суҳбати хокистар , гардад дили ман равшан
Чун оина бараксаст , кори ман девона
Аз майкадаи риндонро кӣ манъи тавон кардан
Ҳар раг ба тани мисатон , роҳии сет ба майхона
Паймонаи салим аз каф магузор ба фасли гул
Сармояи ақл инаст , дигари ҳамаи афсона