Ба базм май кашони лоуболӣ
Тиҳӣ шуд шиша , ҷои бодаи холӣ !
Терм аз абрҳои хушки Эрон
Хушо ҳинду ҳавои бршколӣ
Гули умеди ман то кӣ ба базмаш
Шавад помол чун гулҳои қолӣ
Турои шаб то саҳар дорад дар оғӯш
Хушо аҳволи тасвири ниҳолӣ
Ба ашкаш тар кунам дилро бипечам
Ки мактубам набошад хушку холӣ
Салим аз моҳи ман шарманда гардад
Кунад хуршед агар соҳиби камолӣ