Буд дар гашти боғи ошноӣ
Гули дасти ман он дасти ҳиное
Ба ҳам часбанд мижгон чун пари тир
Дар он чашмӣ ки тарсид аз ҷудоӣ
Пари парвона чун бинад шикастӣ
зи мум шамъ ёбад мумиёе
Асар бо нола ӣ аҳл ҳавас нест
Ҳаво газ мекунад тири ҳавоӣ
Ба роҳи шавқ , моро ҳзри доим
з пай ояд чу ақли рӯстоӣ
зи зоҳиди он ки завқ ишқ ҷӯяд
Кунад май аз дар масҷиди гадоӣ
Салим уфтад чу кораш бо рухи ман
Шароб лаъл гардад каҳрабое