Ҳар ангушти ман аз доғи ҷудоӣ

Ҳаме нолад чу не дар дасти ное

Ҳар оҳӣ каз дилами сӯй фалак рафт

зи раҳи баргашт чун тири ҳавоӣ

Диламро сӯй теғаш мекунад ишқ

Ба ангушти шаҳодати раҳнамое

Ҳаросон гардад аз шаҳбоз ӯ Кебек

Чунон каз бими таркони рӯстоӣ

Нишаста гирд чун сози шикаста

Ба рухсорам ба кунҷи бенавоӣ

Салим аз гиря дар гирдоб хӯн аст

Чу нақши доғ дар дасти ҳиное