Ба рӯй ҷавҳари зотӣ чаҳ парда май пӯшӣ
Чу ҳаст ҳарфи баландат , магӯ ба сари гӯшӣ
Забони хеши нигаҳи дор ва подшоҳӣ кун
Ки нест хотами ҷам , ғайри меҳри хомӯшӣ
Ба ин либос касе кошност ме донад
Ки пӯшишӣ набӯд беҳтар аз хатопӯшӣ
Сабо ба сӯии чамани рӯ , дуоӣ мо бирасон
Бигӯ , зи мурғ чаман чист ин фаромӯшӣ
Дарин чаман ки гулӣ дар бағал буд ҳама ро
Чу ғунча чанд кунам ман ба худ ҳам оғӯшӣ
Хуши он ҳариф ки дар кӯй май фуруши салим
Наад зи хишти сари хам , баннои беҳӯшӣ