Оҳам ба даруни дили зи танагӣ
Печида ба ҳам , чу мӯии зангӣ
Эмин нашӯй , ки андарин баҳр
Ҳар мавҷ занад дам аз наҳангӣ
Сад ҳарба дар остин ишқ аст
Ҳамчун хартуми фили ҷангӣ
Тӯфон накунад ба киштӣ май
Таъсир чу киштии фарангӣ
Бечораи салим дар замона
Шамъ рӯзасту холи зангӣ